Мулокоти Аҳтам Абдуллозода бо донишҷуён
Душанбе, 07.10.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯёни фаъоли Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мулоқот намуд.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, Аҳтам Абдуллозода дар баромадаш оид ба дастовардҳои ҷавонон дар даврони истиқлолият ва ҳамчунин дастовардҳои варзишгарон , ки бештари онҳо хатмкарда ва муҳассилини Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон буданд ибрози миннаддори намуд.
Мавсуф дар баромадаш ҷавононро барои рушду нумӯъ ва ободу зебо намудани ин сарзамини аҷдодӣ, ҳисси ватандустӣ, бештар хондани китоб ҳамчунин аз Китобхонаҳои кишвар самаранок истифода кардани онҳо даъват намуд.
Дар поёни мулоқот Аҳтам Абдуллозода ҳозиринро бо фаро расидани Иди забон ва Иди Қурбон табрик гуфта, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ масъулин ва донишҷўёнро вазифадор намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






