Мусобиқот барои Ҷоми Тоҷикистон дар вилояти Владимир
Душанбе, 08.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). – Бо ибтикори муҳоҷирони меҳнатии ҳаводори шоҳмоти тоҷик ва дастгирии Созмони ҷамъиятии «Орзу» — и тоҷикистониён дар вилояти Владимир ва Федератсияи шоҳмоти вилояти мазкур ба ифтихори зодрӯзҳои президентҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин мусобиқаи шоҳмотбозон баргузор гардид.
Назар ба хабари котиби матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов, дар мусобиқот беш аз 30 нафар шоҳмотбозони беҳтарини вилояти Владимири Федератсияи Русия, ҳамчунин ҳаводорони шоҳмот аз ҷумлаи муҳоҷирати меҳнатии тоҷик иштирок намуданд. Дар вохӯриҳои охирин сокинони вилояти Владимир ғолиб омаданд. Се ҷойи аввалро Алӣ Шарофиддинов, Антон Максимов ва Михаил Терентев ишғол намуданд.
Намояндаи маъмурияти шаҳри Владимир Виктор Купанов зикр намуд, ки ҷамоаи тоҷикон дар баробари ҷамоаҳои дигари миллӣ дар ҳаёти иҷтимоию фарҳангии вилоят фаъолона ширкат намуда, имрӯз намояндагони Тоҷикистон ҳатто дар мусобиқоти дорои аҳамияти байналмилалӣ ҳам қувваозмоӣ мекунанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






