Мусодираи 20 кило героин дар пойтахт
Душанбе, 10.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Дирӯз аз ҷониби кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бозмуҳаммад Сафари 27-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дастгир шуд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии кишвар, ҳангоми кофтуков аз дохили борхалтаи ӯ маводи нашъадори сахттаъсири героин дарёфт гардид, ки вазнаш 19 килою 488 граммро ташкил медиҳад.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






