Мутобиқгардонии қонунгузорӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ
Душанбе, 10.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон -Маҷлиси намояндагон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона» (ломбард) иловаҳо ворид намуд.
Юсуфиён Ҷамшед-муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар назди вакилон гуфт, ки қабули ин лоиҳаи қонун ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки низоми маълумотдиҳии ташкилотҳои ломбардӣ тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ ба таври зарурӣ гузаронида шавад.
Мавсуф афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2004 аъзои Гурӯҳи авруосиёии татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул буда, дар ин самт қонуни соҳавиро қабул намуд. Инчунин кишвари мо як силсила санадҳои қонунгузории худро ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидааст. Гурӯҳи авруосиёӣ -яке аз созмонҳои минтақавии гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат бо шустани пул буда, фаъолияти худро барои ҳамоҳанг намудани низоми муқовимат ба қонунигардонии маблағҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудаанд ва маблағгузории терроризм равона кардааст.
Ҷ. Юсуфиён афзуд, ки дар айни замон барои баланд бардоштани мақоми байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа нақшаи ҷорабиниҳо оид ба мутобиқ гардонидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор дорад. Аз ин рӯ, лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои банди 5-уми ин нақша таҳия шуда, бо назардошти пешниҳодҳои байналмилалӣ ва муқаррароти созишномаҳои байнидавлатӣ омода шудааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






