Нақши забони давлатӣ дар таҳкими ҷомеаи миллӣ

Октябрь 8, 2014 10:37

 
Душанбе, 08.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бахшида ба таҷлили Рӯзи забон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши забони давлатӣ дар таҳкими ҷомеаи миллӣ» конфронси илмӣ-адабӣ доир гардид. 
Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, дар кори конфронс сардори шуъбаи ҳуқуқи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ Мансури Шодмони Ҷамолиддинзода, сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми ҶТ Аҳмад Муъминов ва мудири бахши фарҳанги ноҳияи Сино Муҳира Маҳмудова ширкат намуданд. Дар конфронс зикр шуд, ки  дар донишкада низ комиссияи доимӣ оид ба татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ» амал мекунад, ки корро ҷиҳати амалинамоии қонуни мазкур дуруст ба роҳ мондааст. 
Меҳмонон Аҳмад Муъминов ва Мансури Шодмон аҳли нишастро табрик карданд. Мансури Шодмон зикр кард, ки вазифаи Кумитаи забон ва истилоҳот- ин ҳамгунсозии истилоҳоти забон ва гузаронидани ташхиси риояи меъёри забони адабӣ дар ҷомеа мебошад. Боиси эътироф аст, — илова намуд мавсуф, — ки шаҳрвандон баҳри рушди сиёсати забони давлатӣ ва ҳалли мушкилоти соҳа мунтазам пешниҳодҳои судманд мекунанд. Натиҷа ин аст, ки то ба имрӯз зиёда аз 60 ҳазор истилоҳ ҳамгун сохта шуд.
Солеҳҷон Собирҷонов, дотсенти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар мавзӯи «Нақши Президент дар таҳкими мақоми давлатии забон», Ҳаким Қурбонов, дотсенти кафедраи мазкур дар мавзӯи «Забон- рукни ҳастии миллат» ва Муродалӣ Маҳимов, устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Забон ва нақши он дар ҳаёт ва фаъолияти инсон» маъруза намуданд.
 
 
 

Октябрь 8, 2014 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик