Нақши забони давлатӣ дар таҳкими ҷомеаи миллӣ
Душанбе, 08.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бахшида ба таҷлили Рӯзи забон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши забони давлатӣ дар таҳкими ҷомеаи миллӣ» конфронси илмӣ-адабӣ доир гардид.
Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, дар кори конфронс сардори шуъбаи ҳуқуқи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ Мансури Шодмони Ҷамолиддинзода, сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми ҶТ Аҳмад Муъминов ва мудири бахши фарҳанги ноҳияи Сино Муҳира Маҳмудова ширкат намуданд. Дар конфронс зикр шуд, ки дар донишкада низ комиссияи доимӣ оид ба татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ» амал мекунад, ки корро ҷиҳати амалинамоии қонуни мазкур дуруст ба роҳ мондааст.
Меҳмонон Аҳмад Муъминов ва Мансури Шодмон аҳли нишастро табрик карданд. Мансури Шодмон зикр кард, ки вазифаи Кумитаи забон ва истилоҳот- ин ҳамгунсозии истилоҳоти забон ва гузаронидани ташхиси риояи меъёри забони адабӣ дар ҷомеа мебошад. Боиси эътироф аст, — илова намуд мавсуф, — ки шаҳрвандон баҳри рушди сиёсати забони давлатӣ ва ҳалли мушкилоти соҳа мунтазам пешниҳодҳои судманд мекунанд. Натиҷа ин аст, ки то ба имрӯз зиёда аз 60 ҳазор истилоҳ ҳамгун сохта шуд.
Солеҳҷон Собирҷонов, дотсенти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар мавзӯи «Нақши Президент дар таҳкими мақоми давлатии забон», Ҳаким Қурбонов, дотсенти кафедраи мазкур дар мавзӯи «Забон- рукни ҳастии миллат» ва Муродалӣ Маҳимов, устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Забон ва нақши он дар ҳаёт ва фаъолияти инсон» маъруза намуданд.








Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд






