Нахустин ҳамоиши иқтисодию сармоягузорӣ дар Душанбе
Душанбе,15.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Имрӯз дар Душанбе нахустин Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014 таҳти унвони «Соҳибкорӣ- муҳаррики иқтисодиёт» баргузор мегардад.
Форуми мазкур тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи 13-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ 30 майи соли равон садо дода буд, гузаронида мешавад.
Аз котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадафи Форуми иқтисодию сармоягузорӣ рушду тавсеаи соҳибкорӣ, сармоягузорӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт, ҷалби бештари сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Интизор меравад, ки дар форум роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар, сармоягузорон ва соҳибкорони ватанию бурунмарзӣ, роҳбарону намояндагони созмонҳои байналмилалию молиявӣ иштирок намоянд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






