Намошгоҳи IV байналмилалии китоби Душанбе
Душанбе, 03.10.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар Наврӯзгоҳи пойтахт намоишгоҳи чоруми байналмилалии китоби Душанбе бо иштироки 9 давлат ва 78 интишороти ватаниву хориҷӣ ба кори худ шурӯъ кард.
Тавре ки директори намоишгоҳи мазкур Наҷмиддин Зайниддинов иттилоъ дод, дар намоишгоҳ зиёда аз 10 ҳазор номгӯй китоби тозанашри интишорот бо теъдоди 31 ҳазор нусха ба маърази ҳаводорони каломи бадеъ гузошта шуд.
Дар намоишгоҳи китоб вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулҳамид Самад сухан гуфта, зикр намуд, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба нашри босифати китоб, зиёд намудани мағозаҳои китобфурӯшӣ, ташкили корвонҳои китоб дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ меафзояд ва ин имкон медиҳад, ки ба ин васила сафи дӯстдорони китоб зиёд шавад.
Имрӯз намоишгоҳи чоруми байналмилалии китоби Душанбе ҷамъбаст мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






