Навсозии Минтақаи маъмурии милитсияи №14
Душанбе, 11.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Дар доираи барномаи гурӯҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеа, ки аз ҷониби Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ мешавад, минтақаи маъмурии милитсияи №14-и ШВКД дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баъд аз таъмиру тармим ва навсозӣ ба истифода дода шуд.
Тибқи иттилои корманди Вазорати корҳои дохилӣ Хуршед Солиҳов, минтақаи маъмурии милитсияи №14, ки дар маҳаллаи 62-юми ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҷойгир аст, аз се утоқи кории нозирони минтақавии милитсия иборат буда, ҳамакнун бо тамоми шароитҳои зарурии хизматӣ, таҷҳизоти техникию воситаҳои алоқа таъмин шудааст. Он шабонарӯзӣ фаъолият намуда, арзу муроҷиати шаҳрвандон ва дигар мушкилоти онҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Дар идомаи чорабинӣ ҳамчунин толори варзишии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №76-и ноҳияи Фирдавсӣ, ки бо дастгирии Сафорати ИМА аз таъмир бароварда шуд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Толори мазкур бо асбобу анҷоми варзишӣ таъмин шуда, имкон медиҳад, ки толибилмони мактаби миёна бо тамрин ва бозиҳои варзишӣ фаро гирифта шаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






