Назорати доимии фаъолияти муҳоҷирони хориҷӣ
Душанбе, 08.102014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)-Як самти фаъолияти Хадамоти муҳоҷират назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва фаъолияти меҳнатии онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тавре ки дар суҳбат бо мо сармутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ А. Абдулмаҷидов иброз дошт: «Муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва фаъолияти муҳоҷирони хориҷӣ дар қаламрави ВМКБ зери назорати доимии кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират қарор дорад.
Бо мақсади ошкор намудани чунин ҳолатҳо шуъбаи хадамот дар ҳамкорӣ бо кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ санҷишҳои муштарак доир менамояд. Дар доираи ҳамкорӣ бо дигар мақомот имрўзҳо дар маркази маъмурии вилоят ва ноҳияҳои он даҳҳо ташкилотҳои хориҷӣ, чун Фокуси Амрико, АКЧС-Тоҷикистон, АКЧС-Афғонистон, МСДСП, АКФ Афғонистон, ЖТЗ-и Олмон, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ фаъолият доранд. Ҳамзамон садҳо меҳмонони хориҷӣ ба саёҳати Бадахшон омада, аз ҷойҳои таърихиву зебоманзари он дидан менамоянд.
Ҳангоми санҷиши навбатӣ 12 ҳодисаи вайронкунии қонун аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ муайян шуда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба онҳо ҷарима муқаррар гардид.
Барои бе рухсатнома убур намудани сарҳади ВМКБ як шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ мутобиқи қарори суди шаҳри Хоруғ ба маблағи 1200 сомонӣ ҷарима карда шуд. Ҳамчунин ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳои соҳибкорони хориҷӣ, бахусус шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар бозорҳои ноҳияи Мурғоб ва шаҳри Хоруғ ба таври ғайриқонунӣ ба тиҷорат машғул буданд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз 9 нафар шаҳрванди Қирғизистон, ки бе иҷозатномаи расмӣ ба тиҷорат машғул буд, аз 600 то 800 сомонӣ ҷарима ситонда шуд.
Дар ҷараёни санҷиши муштарак ҳамчунин аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ дидан намуда, бо донишҷӯёне, ки аз дигар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, оид ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ вохўриҳои судманд баргузор шуданд».








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






