Нобиноён дастгирӣ меёбанд
Душанбе, 15.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Манижа Баҳромзода).- Бахшида ба рӯзи байналмилалии нобиноён имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Асои сафед» баргузор гардид, ки дар он намояндагони ташкилот, ҳокимияти иҷроияи ноҳияи Сино ва нобиноёни шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Ба иттилои Турбек Давлатов- раиси Ҷамъияти нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи «Асои сафед» ҳамчун рӯзи нобиноён дар тамоми манотиқи кишвар таҷлил гардида, баҳри дастгирии ин қишри ҷомеа кумакҳои зиёди молиявӣ ироа гардиданд. Аз ҷумла, роҳбарияти вилояти Суғд дар ин рӯз ба миқдори 135 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ барои нобиноёни гурӯҳи аввали ин вилоят ва раиси ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба миқдори 10 ҳазор сомонӣ барои нобиноёни шаҳри мазкур маблағ ҷудо намуданд. Турбек Давлатов иброз дошт, барои гузаронидани чорабинии рӯзи «Асои сафед» дар шаҳри Душанбе аз ҷониби роҳбарияти ноҳияи Сино ба миқдори 3310 сомонӣ ва намояндагии ширкати «Кю-нет» дар Тоҷикистон ба миқдори 3000 сомонӣ маблағ ҷудо гардид.
Рӯзи байналмилалии нобиноён бо хулосаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шурӯъ аз соли 1948 ҳамасола 13 ноябр таҷлил гардида,дар Тоҷикистон ин рӯз аз соли 1994 ҷашн гирифта мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






