Оғози «Шафақ»- бозии ҳарбӣ-варзишӣ

Октябрь 1, 2014 11:14

Душанбе, 01.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)- Инкишофи намудҳои ҳарбӣ — техникии варзиш, аз ҷумла тирандозӣ, мототсиклронӣ, картингронӣ, парашютпартоӣ, авиамоделизм, баргузории бозиҳои ҳарбӣ-варзишии «Шафақ», «Ҳомии Ватан», «Ватанпарвар» ва ғайра ба шумори ҳадафҳои оинномавии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.
Ба иттилои котиби матбуоти ташкилот Абдурақиб Қодиров, бо иқдом ва талошҳои роҳбарияти Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҷумҳурӣ мусобиқаи ҳарбӣ — варзишии «Шафақ» чанд сол аст дубора эҳё гардид, ки он дар доираи Барномаи «Тарбияи  ҳарбӣ-ватанпарастӣ ва  рушди намудҳои варзиши ҳарбӣ-амалӣ дар байни   наврасону  ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2012 — 2015» гузаронида мешавад.
Моҳият ва мақсади аслии ин чорабиниҳои ҳарбӣ-варзишӣ пеш аз ҳама мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар, баланд бардоштани шуури мудофиавии аҳолӣ тавассути таблиғи афкори ҳарбӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба клубҳои варзишии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, тайёр намудани онҳо барои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ, тарбияи ҳарбӣ — ватандўстии шаҳрвандон ба шумор меравад.
Ба муносибати 20 — солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҷумҳурӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ бозии ҳарбӣ — варзишии «Шафақ» — ро гузаронида истодааст. Дар айни ҳол он дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир шуда, сипас даври финалии он дар маркази шаҳру ноҳияҳои кишвар гузаронида мешавад. Ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ ба мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ роҳ меёбанд. Иштирокдорони бозӣ аз рўи намудҳои давидан ба масофаи 100 метр, турниккашӣ, норинҷакпартоӣ, пўшидани ниқоби зидди газӣ, сафороӣ, тирпарронӣ аз яроқи пневматикӣ ва ба қисмҳои ҷудо намудани яроқ миёни худ сабқат хоҳанд намуд. 
Бозии ҳарбӣ — варзишии «Шафақ»  бо мақсади таблиғ ва ташаккули  тарзи солими ҳаёт байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, мукаммал гардонидани ҳолати рўҳиву маънавӣ ва омода намудани онҳо барои хизмат дар сафҳои Артиш  гузаронида мешавад.
 
 

Октябрь 1, 2014 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд