Оғози сохтмони мактаби нави муосир дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ
Душанбе, 6.10.2014. (АМИТ «Ховар»). -Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба бунёди бинои сеошёнаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33, ки барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст, асос гузошт.Тавре иттилоъ дода шуд, бинои нави муассисаи таълимӣ бо харҷи 15 миллион сомонӣ бунёд гардида, аз 4 бинои асосӣ иборат хоҳад буд.Лоиҳаи бинои таълимӣ аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомии кушодаи пажуҳишию илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии «САНИОСП» таҳия шудааст.Мактаби мазкур аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати ду сол сохта мешавад.Дар муассисаи таълимӣ бунёди толори варзишӣ бо 167-ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ бо 360 ҷойи нишаст, ошхона ва китобхонаи электронӣ бо 170 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.Мактаби мазкур дорои 26 синфхона буда, дар он шароити мусоиди таълимӣ муҳайё карда мешавад.Муассиса дорои ду синфхонаи компиютерӣ бо 70 компиютер ва тахтаҳои электронӣ муҷҷаҳаз хоҳад шуд.Дар бунёди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ 200 нафар сокинони ноҳияи ба кор ҷалб мешаванд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ дар назди мардуми сершумори ҷамъомада, суханрони карда, онҳоро бо оғози сохтмони мактаби нави муосир ва ҳамчунин бо Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон табрику таҳният гуфт.Ба масъулин дастур дода шуд, ки мактаби кӯҳнаи ин деҳаро ба кӯдакистон ва коргоҳи дӯзандагӣ табдил диҳанд.Тибқи супориши дигари Сарвари давлат беморхонаи ҷамоати Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ мавриди навсозии куллӣ қарор гирифта, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз карда мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






