Омӯзиш барои мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон

Октябрь 8, 2014 10:33

Душанбе,08.10.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-  Аз 29-ум сентябр то 4 октябри соли равон барои мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати кишвар курси такмили ихтисос дар мавзўи «Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил шуд, ки онро беш аз 50 нафар шунаванда хатм кард.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар он аз тамоми минтақаи кишвар масъулини сохторҳои маҳаллии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар маросими супоридани сертификат ба шунавандагон аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон иштирок намуда ва дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳо таманно карданд.
Гуфта мешавад, ки барои шунавандагон дар мавзуъҳои гуногун масъулини дастгоҳи марказии кумита, мутахассисони соҳа ва устодони донишкада дарс гуфтанд. Ташкили курси такмили ихтисос барои мутахассисони соҳа ҷиҳати баланд гардидани неруи зеҳнӣ, малакаи корӣ, татбиқи босамари барномаҳои давлатии соҳавӣ ва барои тақвият бахшидани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ миёни аҳолӣ дар маҳалҳо мусоидат хоҳад кард.
 

Октябрь 8, 2014 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик