Омӯзиши таъсиси моделҳои алтернативии инкишофи кӯдак

Октябрь 31, 2014 12:19

  Душанбе, 31.10.2014 (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).-Аз  2  то 5 ноябри соли 2014  дар маҷмааи истироҳатии «Ҷаҳонгир»,  воқеъ дар ноҳияи  Варзоб  бо дастгирии барномаи «Омӯзиш ва парвариши  барвақтии кӯдакон»-и Институти «Ҷамъияти кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва лоиҳаи шабакавии  Рушди барвақтии Институти «Ҷамъияти Кушода»-и Лондон барои намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимият, мудирони шуъбаву идораҳои маориф ва омӯзгорон аз ноҳияҳои   Варзоб, Тавилдара, Нуробод,  Зафаробод,  Мастчоҳи Кӯҳӣ,  Шаҳритус ва шаҳри Хоруғ  тренинг оид ба таъсиси моделҳои ҷойгузини «Марказҳои инкишофи кӯдак» баргузор мегардад. 
Ҳадафи асосии  баргузории омӯзиш — таҷриба кардани лоиҳаи ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ оид ба таъсиси моделҳои ҷойгузини «Марказҳои  инкишофи кӯдак» дар маҳалҳое мебошад, ки муассисаҳои томактабӣ вуҷуд надоранд  ва ё фарогирии кӯдакон бо хизматрасонии таҳсилотӣ дар сатҳи паст қарор дорад.
Ҳадафи рушди барвақтии кӯдак барои дастрасии босифати таҳсилот барои кӯдаконе равона шудааст, ки имконияти гирифтани таҳсилоти томактабиро надоранд ва ё барои ин дар низоми маориф ва ё умуман дар ҷомеа садде мавҷуд аст.  
 

Октябрь 31, 2014 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад