Ошкоркунии зиёда аз 5 ҳазор қонуншиканӣ дар 9 моҳ
Душанбе, 21.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)-Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ барои пешгирию бартарафсозии қонуншиканиҳо аз ҷониби мақомоти назоратии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ 1828 адад санҷиш гузаронида шуд, ки аз он 1016 санҷиш ба масъалаи меҳнат, 407 санҷиш ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 20 адад ба масъалаи муҳоҷират ва 385 санҷиш ба масъалаи шуғли аҳолӣ рост омада, дар маҷмӯъ 439 корхонаву муассисаи давлатӣ, 485 корхонаю ташкилоти хусусӣ ва 92 субъекти хоҷагидорӣ шакли дигари моликиятро фаро гирифт.
Бино ба иттилои Раёсати муносибатҳои байналхалқӣ ва робита бо ҷомеаи вазорати мазкур дар натиҷаи ҳамаи назорату санҷишҳои анҷомёфта 5754 адад қонуншиканӣ (дар нӯҳ моҳи соли 2013 — 9686 адад) ошкор гардид, ки 2857 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 1297 ҳолат ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 83 ҳолат ба масъалаи муҳоҷират ва 1517 ҳолат ба масъалаи шуғл иртибот дорад.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






