Панҷакент: 5 намуди андоз иҷро нашуд
Панҷакент, 23.10.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент фаъолияти нӯҳмоҳаи соҳаи иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳр натиҷагирӣ шуд. Муовини аввали шаҳр Ислом Шафиев гуфт, ки дар нӯҳ моҳи соли 2014 ба қисми даромади буҷет ба ҷои 99 миллиону 313 ҳазор сомонӣ аз рӯи ҳамаи намуди сарчашмаҳои маблағгузорӣ 96 миллиону 32 ҳазору 427 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки баробари 96,7 фоизи нақша мебошад. Феълан 5 намуди андозу пардохт иҷро нагардидааст.
То ин муддат оид ба гирифтани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ 18 347 адад аризаи шаҳрвандон ба қайд гирифта шуда, ҳамагӣ ба 15 062 нафар шаҳрванди эҳтиёҷманд замини наздиҳавлигӣ дода шуд. Аз ин шумора 12484 нафар эҳтиёҷманд бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардид. Тақсимоти замини наздиҳавлигӣ ба эҳтиёҷмандон идома дорад.
Дар айни замон дар ду иншооти бузург -сехи холисгардонии тилло дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Зарафшон» ва фабрикаи истеҳсоли мису қалъагӣ дар деҳаи Рукнободи ҷамоати деҳоти Ворӯ корҳои сохтмонӣ идома доранд.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






