Панҷакент: 90-солагии таъсиси мақомоти адлия ва суд
Панҷакент, 9.10.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳор Худойбердиева).-Имрӯз дар шаҳри Панҷакент 90-солагии таъсиси мақомоти адлия ва суд ҷашн гирифта шуд.
Дар он Хуршед Иброҳимов, сардори шуъбаи ташкили фаъолияти иҷрочиёни суди Раёсати адлияи вилояти Суғд, Дилшод Ғаюрзода, сардори раёсати судҳои адлияи Тоҷикистон иштирок карданд.
Тавре ки ба мо раиси суди Панҷакент Зоҳирҷон Аминзода иттилоъ дод, бахшида ба 90-солагии суд бо дастгирии мақомоти шаҳри Панҷакент бинои суди шаҳри Панҷакент таъмир гардида, бо техникаи муосири компютерӣ таҷҳизонида шуд ва инчунин аз ҷониби Шӯрои адлияи Тоҷикистон тамоми адабиёти ҳуқуқӣ ҷиҳати ба амал овардани фаъолияти судӣ мавриди истифода қарор дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






