Парлумон ба қонуни гаравхона илова ворид менамояд
Душанбе, 07.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Аъзои Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯро, ки 7 октябр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров- раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баргузор гардид, масъалаи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металҳои қиматбаҳо ва сангҳои киматбаҳо»-ро баррасӣ намуданд.
Амир Катаев-раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон масъалаи мазкурро шарҳ дода гуфт, ки ҳадафи асосии пешниҳоди ин масъала мутобиқ намудани он ба як қатор қонунҳои амалкунадаи кишвар аст.
Назар ба иттилои Муҳаммадато Султонов-котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон, дар ҷаласа ҳамзамон лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа», «Дар бораи гаравхона»(ломбард)», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул» матраҳ гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






