Парлумон Созишномаҳои грантиро тасдиқ менамояд
Душанбе, 08.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон рӯзҳои наздик як силсила созишномаҳои грантиро ба тасвиб расонанд. Яке аз онҳо Созишнома дар бораи пешниҳод намудани грант байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи фаръии давлатии комуналии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/ вобаста ба пешниҳоди гранти инвеститсионӣ аз ҳисоби Фонди махсуси саҳомии БАТР ҷиҳати татбиқи лоиҳа оид ба беҳтар намудани идораи партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа ва минтақаҳои атрофи он аст.
Ҳамчунин Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2012-2013 ва чорабинии махсус оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар доираи маблағҳои махсуси молиявии Фонди энергетикӣ ва иқлимӣ (ФЭИ) аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ хоҳад шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






