Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба корманди ШВКД-и Ваҳдат
Душанбе, 8.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар нозири калони Хадамоти шиносномаву бақайдгирии ШВКД-и шаҳри Ваҳдат Ситора Гуловаро бо ҷурми фасод дастгир намуданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ин ниҳод, номбурда бо сӯйистифода аз ваколатҳои хизматӣ барои шиносномаи хориҷӣ ба ғайр аз пардохти маблағе, ки қонун муайян намудааст, боз 350 сомонӣ талаб намудааст. Оид ба ин қазия шаҳрванд Холмуродов, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат ба агентии мазкур муроҷиат намудааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-тафтишотӣ нозири калони Хадамоти шиносномадиҳии шаҳри Ваҳдат Гулова Ситора Бобишоевна, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе баъди гирифтани маблағи 350 сомонӣ ба сифати пора дасгир шуда, далелҳои шайъӣ гирифта шуданд.
Нисбат ба С. Гулова парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






