Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба корманди ШВКД-и Ваҳдат

Октябрь 8, 2014 09:57

Душанбе, 8.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар  нозири калони Хадамоти шиносномаву бақайдгирии ШВКД-и шаҳри Ваҳдат Ситора Гуловаро бо ҷурми фасод дастгир намуданд.  
Тибқи иттилои маркази матбуоти ин ниҳод,  номбурда бо сӯйистифода аз ваколатҳои хизматӣ барои шиносномаи хориҷӣ ба ғайр аз пардохти маблағе, ки қонун муайян намудааст,  боз  350 сомонӣ талаб намудааст. Оид ба ин қазия шаҳрванд Холмуродов, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат ба агентии мазкур муроҷиат намудааст.   
Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-тафтишотӣ нозири калони Хадамоти шиносномадиҳии шаҳри Ваҳдат Гулова Ситора Бобишоевна, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе баъди гирифтани маблағи 350 сомонӣ ба сифати пора дасгир шуда, далелҳои шайъӣ гирифта шуданд. 
Нисбат ба С. Гулова  парвандаи ҷиноятӣ   оғоз  шуда, тафтиш   идома дорад.
 

Октябрь 8, 2014 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад