Пешгирии ВНМО/БПМН дар соҳаи меҳнат
Душанбе, 02.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)- Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Натиҷаҳои ба даст овардаи Лоиҳа дар давраи аз моҳи октябри соли 2013 то октябри соли 2014» мизи мудаввар доир гардид.
Мизи мудаввари мазкур дар доираи Лоиҳаи муштараки Ташкилоти байналмилалии меҳнат, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди СММ «Оид ба пешгирии ВНМО/БПМН дар соҳаи меҳнат», ки бо маблағгузории Хазинаи ҷаҳонӣ амалӣ мегардад, гузаронида шуд.
Бино ба иттилои Раёсати байналхалқӣ ва робита бо ҷомеаи вазорат, дар он шарикони сетарафаи иҷтимоии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи касабаи мустақими Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии ВНМО/БПМН ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






