Пешвозгирии варзишгарони тоҷик дар фурудгоҳи Душанбе
Душанбе, 8.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дирӯз дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе варзишгарони тоҷик — Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов, барандагони медалҳои биринҷии Бозиҳои XVII Осиё дар Инчони Кореяи Ҷанубиро масъулини соҳаи варзиш, наздикону хешвандон ботантана пешвоз гирифтанд.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, 1-уми октябр Фарҳод Неъматов дар сабқати таэквондо ВТФ байни мардон дар вазни то 80 кило рақибонаш Вей Тинг Лиу аз Ветнам ва Иброҳим Носир аз Афғонистонро шикаст дода, ба нимфинал баромад. Вале вай дар даври ниманиҳоӣ аз Маҳдӣ Худобахшӣ аз Эрон шикаст хӯрд ва мақоми севумро касб кард.
Алишер Гулов дар сабқати таэквондо дар вазни + 87 кг бар асоси қуръакашӣ қувваозмоиро аз даври чорякниҳоӣ шурӯъ карда, бар Янг Йи аз Чин пирӯз шуд ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале дар нимфинал Алишер аз Дмитрий Шохин аз Ӯзбекистон шикаст хӯрд ва аз ҳаққи ширкат дар финал маҳрум шуд. Алишер низ мақоми севумро азони худ кард.
Ёдовар мешавем, ки нахуст Дилшод Назаров дар гурзандозӣ дар сабқати мардон бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Баъдан Залимхон Юсупов дар сабқати гӯштини озод дар вазни то 65 килограмм бо медали нуқра мукофотонида шуд.
Инчунин дар сабқати таэквондо миёни занон Моҳрӯ Ҳалимова дар вазни + 73 кило ба мунтахаби Тоҷикистон медали биринҷӣ овардааст. Вай, ки дар Донишкадаи варзиши Кореяи Ҷанубӣ дар риштаи таэквондо таҳсил мекунад, он ҷо монд.
Гуфта мешавад, ки бозиҳои XVIII Осиё баъди чаҳор сол (2018) дар Индонезия баргузор хоҳанд шуд








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






