«Пойтахти озодаи ман»- иқдоми экологӣ
Душанбе, 14.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Ба муносибати ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе дирӯз дар атрофи минтақаи ҷойгиршудаи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти унвони «Пойтахти озодаи ман» иқдоми экологӣ гузаронида шуд.
Тавре ки котиби матбуоти донишкадаи мазкур Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, дар он донишҷӯён, кормандон ва устодони кафедраи фанҳои табиатшиносии донишкада ширкати фаъолона намуда, тарзи дурусти ҷамъ кардани партовҳоро ба аҳолӣ нишон доданд.
Иқдоми мазкур бо ташаббуси шуъбаи тарбияи донишкада гузаронида шуд, ки он барои баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ ва озода нигоҳ доштани муҳити зист мусоидат менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






