Президент 14 октябрро Рӯзи соҳибкорон эълон кард
Душанбе, 14.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Минбаъд 14 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташ бо соҳибкорон ва саромоягузорони кишвар, ки 14 октябр дар муҷтамаи давлатии «Кохи Борбад» доир гардид, гуфт, ки : «Ба хотири заҳматҳои кашидаи шумо дар роҳи ободии Ватан ва ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти содиқонаву софдилонаатон 14 — уми октябр дар мамлакат рӯзи соҳибкорон эълон карда шавад».
Сарвари кишвар зимни суханронияш соҳибкорону сармоягузоронро қувваи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти кишвар ва неруи созандаву ободкори Ватанамон арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки: «Ҳадафи асосии мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорон табодули афкор бо мақсади идома додани ислоҳот ва густариши он ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорист».








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






