«Ренесанс – констракшн» ба сохтмончиёни тоҷик эҳтиёҷ дорад
Душанбе, 17.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). – Ширкати сохтмонии «Ренесанс – констракшн» омода аст, ки мутахассисони тоҷикро ба бунёди иншоотҳои нави шаҳри Новосибирск ҷалб намояд.
Дар ин бора директори генералии ширкати мазкур Аҳмад Таракай зимни мулоқот бо корманди Намояндагии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР хабар дод.
Ба гуфтаи роҳбари ширкати сохтмонӣ, ҳоло қариб 300 нафар муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар иншоотҳои сохтмонӣ фаъолият доранд. Ҳамаи онҳо мутобиқи талабҳои қонунгузории федералӣ кор карда, бо шароити хуби меҳнату маишат таъминанд.
Корманди намояндагӣ ҳамчунин зимни вохӯриаш бо сохтмончиёни тоҷик аз навигариҳои қонунгузории Русия дар бахши муҳоҷират, ки дар оғози соли нав ба мавқеи иҷро мерасанд, хабар дод. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ҷараёни суҳбат зикр намуданд, ки аз шароити кор розианд ва дар боби пардохти маошашон ягон душворӣ надоранд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






