Рушди ҳамкорӣ дар бахши маориф
Минск, 08.10.2014. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти намояндагони вазоратҳои маориф ва роҳбарони донишкадаҳои олии ду кишвари иштироккунандаи Анҷумани Ш муаллимон ва кормандони соҳаи маорифи ИДМ, ки дар шаҳри Минск баргузор шуда буд, доир гардид.
Тавре ки сафорати Тоҷикистон дар Беларус хабар медиҳад, сафири Тоҷикистон дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов зимни суханрониаш дар ҳузури иштирокдорони мулоқот зикр намуд, ки аҷдодони тоҷикон ҳамеша барои пайдо намудани илму дониш саъю кӯшиш мекарданд. Ин анъана имрӯз ҳам идома дорад. Ба гуфтаи мавсуф, солҳои охир теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар донишкадаҳои олии Беларус бемайлон зиёд мешавад. «Дар ин маврид саъю кӯшишҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Беларус Александр Лукашенко, ки ба ҳамкории ҳар ду кишвар дар соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд, шоёни таҳсинанд», — гуфт сафир.
Мувофиқи суханони дипломати тоҷик, қариб 300 нафар донишҷӯёни тоҷик дар 17 донишкадаи олии Беларус таҳсил мекунанд.
Муовини аввали вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Мирбобоев изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қабули донишҷӯёни Беларус барои таҳсил дар донишкадаҳои олии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси шарқшиносӣ омодааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






