Рушди соҳибкорӣ дар кишвар

Октябрь 20, 2014 10:36

Хоруғ, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Пас аз  мулоқоти Сарвари мамлакат бо соҳибкорони дохиливу хориҷӣ, ки рӯзҳои 14-15 уми октябри соли равон  ба вуқуъ омад,  роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт вобаста ба қарору қонунҳо ва Кодекси андози  ҷумҳурӣ бо соҳибкорони ҳамаи минтақаҳои кишвар конфронс ва мулоқоту суҳбатҳо  баргузор намоянд. 
Чунин конфронс дар раёсати андози ВМКБ бо соҳибкорони маҳаллӣ баргузор шуд. Дар он намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолидин Қурбонов ва Муъмин Қаноатов ширкат намуда, бо иштирокдорони конфронс бештар дар атрофи имтиёзҳои андозсупорӣ суҳбат намуданд.
Мутобиқи муқаррароти нави андозсупорӣ  агар маоши корманд аз 250 сомонӣ камтар бошад, аз ин маош андоз ситонда намешавад, зеро мутобиқи муқаррароти ҳукумати мамлакат музди меҳнат дар Тоҷикистон бояд аз 250 сомонӣ камтар набошад.
Зикр гардид, ки дар Кумитаи андози кишвар ҳоло зиёда аз бист намуди барномаҳои компютерӣ танзим шудаанд, ки яке аз ин барномаҳо барномаи утоқи андозсупоранда мебошад. 
Тавассути барномаи мазкур андозсупоранда метавонад дар хонаи худаш аз тариқи интернет аз ҳама маълумотҳои андозҳои худ огоҳ бошад.
Дар ин мулоқот ҳамчунин гуфта шуд, ки қарздории андозсупорандагони то соли 2009-ум мавҷудбуда мутобиқи муқаррароти нав бекор мешавад ва андозсупорандагон қарздор ҳисоб намешаванд.
Дар қисмати дуюми машварат миёни намояндагони Кумитаи андози мамлакат ва соҳибкорони ВМКБ саволу ҷавоб доир шуд.
 

Октябрь 20, 2014 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе