Рушди соҳибкорӣ-сарчашмаи асосии даромад
Душанбе, 15.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Бекназари Абӯбакр). — Масъалаҳои асосие, ки имрўз дар Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе — 2014 таҳти унвони «Соҳибкорӣ муҳаррики иқтисодиёт» баррасӣ мешаванд, ба ҷабҳаҳои мухталифи рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон бахшида шудаанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ин Форум таъкид намуд, ки мақсад аз интихоби мавзўъҳои мазкур аз аҳаммияти рушди соҳибкорӣ бармеояд, ки он дар тамоми ҷаҳон ҳамчун қувваи пешбарандаи иқтисодиёт эътироф гардидааст. Зеро тавассути соҳибкорӣ, пеш аз ҳама, шуғли аҳолӣ, афзоиши истеҳсолоти рақобатнок, рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ таъмин карда мешавад.
“Ҳамзамон бо ин, рушди соҳибкорӣ сарчашмаи асосии даромад ва воситаи инкишофи қобилияти эҷодиву зеҳнии одамон буда, табақаи миёнаҳоли аҳолиро, ки нерўи асосии тараққиёти иқтисодӣ мебошад, ташаккул медиҳад”, — гуфт Сарвари Давлат.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






