Сӯхтори шадид дар Ню-Ҷерсии Амрико
Душанбе,16.10.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Ҳафтаи равон дар шаҳри Мунакии иёлати Ню-Ҷерсии ИМА бар асари таркиш дар коргоҳи кимиёвии марбут ба ширкати «Крис-Фом-Индастри» 3 нафар шадидан маҷрӯҳ шуд. Гуфта мешавад, ки ҳангоми сар задани сӯхтор дар дохили коргоҳи кимиёвӣ 17 нафар қарор дошт. Аз рӯи санҷиши мутахассисони соҳаи мазкур таркиш бар асари ангезаи моддаҳои кимиёвӣ сар задааст.
Душанбе,16.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Кормандони соҳаи тандурустии Канада бо гумони сироят аз вируси марговари маризии табларзаи «Эбола» 2 нафар сокини шаҳрҳои Оттава ва Беллвиллии Африкои ғарбиро таҳти ташхису табобати махсус қарор доданд.
Душанбе,16.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз кормандони Хадамоти гумруки Федератсияи Русия дар фурудгоҳи байналмилалии «Шереметево»-и шаҳри Маскав зимни амалиёти махсус аз бордони як мусофири хатсайри Ҷумҳурии Мардумии Чин 60 килограмм маводи мухаддири синтетикиро мусодира карданд. Нисбат ба боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.
Душанбе,16.10.2014. (АМИТ «Ховар»).- Муассисаи марказии молиявии Шведсия -«Риксбанк» ба олими муқтадири иқтисоддони фаронсавӣ Жан Тирол барандагии ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодиёт дар соли 2014-умро пешниҳод намуд. Гуфта мешавад, ки Жан Тироли 61-сола буда, дар донишгоҳи Тулуза фаъолият дошта, ба омӯзиши бозорҳои соҳавӣ, назарияи бозиҳо ва ангезаҳои марбут ба танзим машғул мебошад. Мукофотпулии ҷоизаи Нобел 8 миллион крони шведӣ ё худ 880 ҳазор евроро ташкил медиҳад.
Душанбе,16.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Шаби гузашта силоҳбадастони гуруҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» пойгоҳи низомии воқеъ дар музофоти Анбари Ироқро муҳосира карданд. Ба муқобили ин созмони хатарнок неруҳои низомии кишварҳои эътилоф таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муборизаи оштинопазир мебаранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






