С. Хайруллоев аз Боку баргашт
Душанбе, 14.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) Сайдулло Хайруллоев аз Озарбойҷон баргашт. Мавсуф дар чаҳорумин Форуми байналмилалии гуманитарӣ, ки ба масъалаи ҷаҳонишавӣ ва мушкилоти вобаста ба он ва дигар хатарҳои қарни 21 бахшида шуда буд, ширкат дошт.
Аз Ҷамъияти дӯстӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш сиёсатмадорон, коршиносони бахшҳои мухталиф, намояндагони илму фарҳанг ва шахсиятҳои шинохта аз 62 кишвари дунё ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд.
Дар яке аз мизҳои мудаввари ҳамоиши мазкур, ки ба масъалаи пешрафти соҳаҳои гуногуни илму техника ва фарҳанг бахшида шуда буд, намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Амрико, Русия, Руминия, Туркия, Британияи Кабир, Австрия сухан гуфтанд.
Дар доираи баргузории ҳамоиш иштирокчиёни он аз шаҳрҳои таърихии Озарбойҷон, назири Ганҷа ва Нахҷувон боздид намуда, ёдгориҳои бостонии шаҳрҳои қадимии ин кишварро тамошо карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






