Саҳми дружиначиён дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ
Душанбе, 10.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-Чанд сол аст, ки дар шаҳри Хуҷанд гурӯҳи дружиначиёни ихтиёрӣ амал мекунад, ки он дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ фаъолият мебарад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо кормандони масъули шуъбаи корҳои дохилӣ, дружиначиён ва варзишгарон дар мавриди аҳамияти фаъолияти дружиначиён дар таъмини оромӣ ва нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ таъкид намуда гуфт, ки минбаъд чунин мулоқот бо ҳайати мазкур дар се моҳ як маротиба баргузор гардида, ихтиёриёни фаъол ҳатман қадрдонӣ мешаванд.
Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Эмин Ҷалилов маълумот дод, ки ҳоло дар маркази вилоят зиёда аз 1270 нафар аз корхонаю ташкилот, муассисаҳои таълимӣ дар сафи дружиначиёни халқӣ буда, барои нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ навбатдорӣ менамоянд. Танҳо дар соли равон дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия 313 ҷинояти гуногун ошкор шуд. Онҳо барои муқаррар намудани шахсияти 154 нафар шаҳрванд ва барои қайди 63 нафар нашъаманд мусоидат намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба 30 нафар дружиначии фаъол туҳфаҳои хотиравӣ супорида, барои хизмати ҷамъиятии намунавиашон изҳори сипос намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






