Самтҳои афзалиятноки рушди давлатҳои СҲШ
Душанбе, 14.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва ташкилоту муассисаҳои минтақавию байналмилалӣ бо кулли кишварҳои сулҳпарвари сайёра муносибату робитаҳояшро торафт тавсеа мебахшад. Вобаста ба ин дар доираи «Даҳ рӯзи пойтахт» бо ташаббуси кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид.
Тавре ки аз донишкадаи мазкур иттилоъ доданд, дар мизи мудаввар профессори кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ Лутфулло Саидмуродов дар мавзӯи «СҲШ: манфиат ва арзёбӣ» маърӯза намуда, гуфт, ки мақсадҳои асосию стратегии Созмони ҳамкории Шанхай таҳкими робитаҳои дӯстона ва анъанаҳои неки ҳамсоягиву эътимоди кишварҳои аъзо, тавсеаи ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин такон бахшидани робитаҳо дар соҳаҳои энергетикаву нақлиёт, маорифу муҳити зист ва дигар бахшҳои афзалиятноки ҳаёти ҷомеа буда, саъю талоши муштарак дар роҳи таҳкими амният ва сулҳу субот дар минтақаву ҷаҳон, мусоидат ба ташаккул ва бунёди низоми нави байналмилалии демократӣ ба шумор мераванд.
Дар мизи мудаввар номзади илмҳои иқтисодӣ Меҳтар Содиқов дар мавзӯи «СҲШ- чун омили дурнамои ҳамкории бисёрҷонибаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» ва номзади илмҳои иқтисодӣ Николай Попов дар мавзӯи «Истиқрор ва рушди СҲШ» маърӯза карданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






