Санҷишҳои муштарак доир ба риояи танзим

Октябрь 2, 2014 09:22

Душанбе, 2.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар нуҳ моҳи соли равон дар шаҳри Чкалов ва ҷамоати шаҳраки Палос 321 маърака баргузор гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 58 маърака зиёд буда, беш аз 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ маблағ дар ин маъракаҳо  харҷ шудааст.
Мувофиқи иттилои сомонаи расмии раиси вилояти Суғд, дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зиёда аз 78 санҷиши муштарак дар тӯю маросимҳои шаҳрвандон аз ҷониби масъулини бахш  дар ҳамкорӣ бо масъулини шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва намояндагии бахш дар ҷамоати шаҳраки Палос  гузаронида шуда, риояи қонуни мазкур мавриди санҷиш қарор дода шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи бурдани корҳои амалӣ аз тарафи комиссияи шаҳрӣ ва комиссияҳои ҷамъиятии ташкилотҳои шаҳр маъракаҳое, ки дар шаҳр гузаронида мешаванд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барпо шуда истодаанд.
 

Октябрь 2, 2014 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд