Шарҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»
Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ дар руҳияи инсондӯстӣ, раҳму шафқат ва бо мақсади бахшидани гуноҳҳо дар арафаи 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.Амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» доираи шахсонеро фаро мегирад, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур ҷиноят содир намуда, аз нигоҳи ҷинс, синну сол, вазъи саломатӣ ва бартараф гардидани хавфнокии ҷинояти содирнамудаашон ба авфи гуноҳ эҳтиёҷ доранд.Дар Қонуни мазкур гурӯҳи шахсоне, ки нисбати онҳо авф татбиқ мегардад, тартиб ва муҳлати иҷрои санади зикргардида, мақомоти иҷрокунандаи ин санад, инчунин ҳалли дигар масъалаҳое, ки ба татбиқи авф алоқаманданд, пешбинӣ гардидааст.Лоиҳаи Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ки шахсони ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда, ки аз чор се ҳиссаи ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд, аз маҳбас ва идомаи минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.Ҳамчунин аз адои ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ғайриҳабсӣ занон, ноболиғон, мардони аз 55-сола боло, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, шахсоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, шахсони гирифтори бемориҳои саратон, сили узвҳои нафас ва шуш, бемории дил, шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд ё худсарона қисми ҳарбиро тарк кардаанд ва шаҳрвандони хориҷӣ озод карда мешаванд.Ба ғайр аз ин, маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, сарфи назар аз намуди ҷазои ҷиноятии таъиншуда ва шахсоне, ки ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд ва ба онҳо то 5 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст, аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.Ҳамчунин шахсоне, ки ба муҳлати зиёда аз 5 соли маҳрумӣ аз озодӣ маҳкумшуда, аз се ду ҳиссаи ҷазоро адо намудаанд, агар онҳо ҷиноятҳои махсусан вазнинро содир накарда бошанд, низ аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.Шахсоне, ки нисбати онҳо барои қасдан содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол ва ҷазоҳои дигари ғайриҳабсӣ таъин карда шудаанд ва ҳамчунин шахсоне, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрумӣ аз озодиашон то як солу шаш моҳ боқӣ мондааст, ба истиснои шахсоне, ки ҷиноятҳои одамкӯшӣ, таҷовуз ба номус, хиёнат ба давлат, бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, ҷосусӣ, тахрибкорӣ ва ҷиноятҳои ба терроризм алоқамандро содир намудаанд, аз адои минбаъдаи ҷазо ва ҷавогарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.Мувофиқи лоиҳаи Қонуни мазкур кам кардани муҳлати ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ нисбати дигар маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад.Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ Қонуни мазкур нисбати зиёда аз даҳ ҳазор гумонбаршудаҳо, айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад.Қабул ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» амали инсондӯстона буда, барои ба кору зиндагии осоишта ва муҳити оила баргардонидани шахсони ҷиноятсодирнамуда ва ислоҳ гардидани онҳо мусоидат хоҳад кард.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






