Шиносоӣ бо кори кишоварзони ноҳияи Шаҳритус
Душанбе, 12.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии Ҳомид ва Қандови ноҳияи Шаҳритус ташриф оварда, бо фаъолияти ибратбахши онҳо бевосита шинос шуд.Чунонки зикр гардид, аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии Қандов 20 га замин, аз ҷумла 18 га замини корами обӣ дар ихтиёр дошта, асосан бо пахтакорӣ машғуланд. Майдони умумии кишти пахта 14 га буда, дар аксари он навъи Тоҷикистон кишт намудаанд ва аз ҳар гектараш бовар доранд, ки ба ҳисоби миёна 40 сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд.Онҳо аз 3 га замини кишти гандум ба ҳисоби миёна 48 сентнерӣ ҳосил гирифта, дар ҷойи кишти такрорӣ ба роҳ мондаанд. Деҳқонони ин хоҷагии дар парвариши сабзавоту полезии кишти такрорӣ ҳам ба муваффақиятҳои калон ноил шудаанд. Натиҷаҳои назарраси кори ибратбахши онҳо, аз ҷумла зимни боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонӣ аён гардид. Тавре маълум шуд, деҳқонони ноҳияи Шаҳритус аз ҳар гектари каду ва тарбузу харбӯзаи зимистона 36 тоннагӣ ҳосил мерӯёнанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки ба кишоварзон барои дастрас намудани технологияҳои пешқадами истифодаи заминҳои корам ва тухмиҳои хушсифат ҳамаҷониба мусоидат намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






