Шиносоии Қ.Расулзода бо вазъи хоҷагии халқи ноҳияи Рашт

Октябрь 13, 2014 10:42

Душанбе, 13.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми октябри соли равон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Рашт бо вазъи хоҷагии халқи ноҳия шинос шуда, дар расми ифтитоҳи як силсила иншооти муҳим иштирок кард.
Дар деҳаҳои Сари Пул ва Ҷафри ноҳия бо иштироки Сарвазири мамлакат ду мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ  мавриди истифода қарор дода шуд, ки барои беш аз 800 хонанда пешбинӣ шудааст.
Дар маркази шаҳраки Навободи ноҳия як кўдакистони нави муосир барои 80 нафар кўдаки синни томактабӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. 
Дар деҳаи Шул Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо аҳли ҷамоат ва сокинони бар асари офати табиӣ зарардидаи деҳа вохўрда, бо ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои боришоти зиёд ва сел шинос гардид.
Бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рўз Сарвазири мамлакат ба мактаб- интернати ҷумҳуриявии ятимон дар ноҳияи Рашт ташриф оварда, ба онҳо кумакҳои Сарвари Давлатро, ки аз либосҳои гарми зимистона ва маводи хўрокӣ иборат буд дастрас кард.
Дар маркази шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рашт 11-уми октябр бо иштироки Сарвазири мамлакат маросими ба кор андохтани корхонаи азими истеҳсоли орд доир гардид. Корхонаи мазкур бо дастур ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он  50 тонна орд дар як шабонарўз мебошад. Дар заминаи корхонаи мазкур дар ноҳия ҳамчунин барои захира ва нигоҳдошти ғалла дар ҳаҷми то чор ҳазор тонна  шароит ва ҷой фароҳам оварда шудааст.
Дар идомаи сафар Қоҳир Расулзода дар маркази ҷамоати Ясмани ноҳияи Рашт дар маросими ба истифода супоридани бинои нави маъмурии ҷамоати деҳот иштирок кард.
 

Октябрь 13, 2014 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад