Шиносоии Қ.Расулзода бо вазъи хоҷагии халқи ноҳияи Рашт
Душанбе, 13.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми октябри соли равон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Рашт бо вазъи хоҷагии халқи ноҳия шинос шуда, дар расми ифтитоҳи як силсила иншооти муҳим иштирок кард.
Дар деҳаҳои Сари Пул ва Ҷафри ноҳия бо иштироки Сарвазири мамлакат ду мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки барои беш аз 800 хонанда пешбинӣ шудааст.
Дар маркази шаҳраки Навободи ноҳия як кўдакистони нави муосир барои 80 нафар кўдаки синни томактабӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар деҳаи Шул Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо аҳли ҷамоат ва сокинони бар асари офати табиӣ зарардидаи деҳа вохўрда, бо ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои боришоти зиёд ва сел шинос гардид.
Бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рўз Сарвазири мамлакат ба мактаб- интернати ҷумҳуриявии ятимон дар ноҳияи Рашт ташриф оварда, ба онҳо кумакҳои Сарвари Давлатро, ки аз либосҳои гарми зимистона ва маводи хўрокӣ иборат буд дастрас кард.
Дар маркази шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рашт 11-уми октябр бо иштироки Сарвазири мамлакат маросими ба кор андохтани корхонаи азими истеҳсоли орд доир гардид. Корхонаи мазкур бо дастур ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он 50 тонна орд дар як шабонарўз мебошад. Дар заминаи корхонаи мазкур дар ноҳия ҳамчунин барои захира ва нигоҳдошти ғалла дар ҳаҷми то чор ҳазор тонна шароит ва ҷой фароҳам оварда шудааст.
Дар идомаи сафар Қоҳир Расулзода дар маркази ҷамоати Ясмани ноҳияи Рашт дар маросими ба истифода супоридани бинои нави маъмурии ҷамоати деҳот иштирок кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






