Сигор: 7 млрд.$ масраф шуд, аммо тавлиди маводи мухаддири Афғонистон афзоиш ёфта
Душанбе, 24.10.2014.(АМИТ «Ховар»). — Дафтари бозрасии вижаи Омрико барои бозсозии Афғонистон-Сигор (SIGAR) дар тозатарин гузориши худ эълом карда, ки бо вуҷуди масрафи 7,6 милёрд дулор барои мубориза бо маводи мухаддир дар Афғонистон мизони тавлиди маводи мухаддир дар ин кишвар бештар аз гузашта шудааст.
Дар номае, ки ин ниҳод барои вазорати хориҷа ва додгустарии Омрико навишта, омада, ки тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон боъиси фасод дар дастгоҳи давлат, тақвияти шабакаҳои терруристӣ ва фароҳамсозии манобеъи молӣ барои нерӯҳои мухолифи давлат аз ҷумла гурӯҳи Толибон шудааст.
Дар ин гузориш омада, ки бо масрафи 7 милёрд дулор дар солҳои гузашта ҳанӯз Афғонистон бештарин миқдори маводи мухаддирро дар дунё тавлид мекунад.
Сигор бо истинод ба гузориши бахши мубориза бо ҷароим ва маводи мухаддири Созмони Милал (UNODC) навишта, ки дар соли 2013 мелодӣ 209 ҳазор ҳектор замин зери кишти маводи мухаддир буд, ки аз рекурди соли 2007, ки соҳаи зери кишт ба 193 ҳазор ҳектор замин мерасид, бештар аст.
Ин ниҳод афзуда, ки Омрико барои мубориза бо маводи мухаддир дар Афғонистон 7,6 милёрд дулорро дар ин кишвар ҳазина кардааст. Ин пул дар заминаи тақвияти зарфиятҳои давлатӣ барои мубориза бо маводи мухаддир, ҳазинаи амалиётии нерӯҳои мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон, фароҳамсозии маъишати бадил барои деҳқонони афғон, пардохти молӣ ба ниҳодҳои давлатӣ ба манзури татбиқи қонуни мубориза бо маводи мухаддир ва сойири маворид ба масраф расидааст.
Сигор таъкид карда, ки афзоиши нисбии қимати маводи мухаддир, нерӯи кории моҳир ва арзон ва заминҳои ҳосилхез дар ҷануби Афғонистон боъис шуда, ки мизони тавлиди маводи мухаддир афзоиш ёбад ва ҳатто вилоёте, ки қаблан аз кишти маводи мухаддир холӣ шуда буданд, акнун дубора зери кишти маводи мухаддир қарор доранд.
Дар ин нома омада, ки бахши мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими Созмони Милал гузориш додааст, ки арзиши маводи мухаддир ва тавлидоти он дар соли 2013 ба 3 милиёрд дулор расида, дар ҳоле ки дар соли 2012 ин миқдор ба арзиши ду милёрд дулор мерасид, ки дар ҳудуди 50 дарсади афзоишро нишон медиҳад.
Сигор афзуда, ки афзоиши мизони кунунии маводи мухаддир муассирият ва пойдории тамоми талошҳоеро, ки дар гузашта анҷом шуда буд, зери савол мебарад.
Ҳорун Рашид Шерзод, муъовини вазири мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон мегӯяд, ки бояд аз давлати Омрико пурсида шавад, ки ҳудуди ҳафт милёрд дулореро, ки онҳо дар ростои мубориза бо маводи мухаддир дар Афғонистон масраф кардаанд, тавассути кадом ниҳод ва чӣ гуна ба масраф расондаанд?
Ӯ меафзояд, ки ҳақиқат ин аст ки бештари ин пулҳо тавассути ниҳодҳо ва муассисоти иҷроии марбут ба худи онҳо ба масраф расидааст. Бо вазорати молия ва давлати Афғонистон дар масрафи ин кумакҳо машварат нашудааст.
Оқои Шерзод мегӯяд, ки дар сездаҳ соли гузашта танҳо 150 миллиюн дулор барои мубориза бо маводи мухаддир тавассути давлати Афғонистон ба масраф расидааст.
Ӯ таъкид мекунад пуле, ки тавассути ниҳодҳои омрикоӣ дар Афғонистон ба масраф расида, бештар сарфи масорифи идорӣ ва ҳуқуқи кормандони ниҳодҳои иҷроии онон шудааст ва ба деҳқонони афғон нарасидааст.
Манбаъ:ttp://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/10/141021_l16_7_billion_usd_missed_in_opium_eradication