Симои фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беҳтар мешавад
Душанбе, 02.10.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 29 сентябр муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Камада Такаши аз рӯи лоиҳаи «Беҳдошти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» табодули ёддошт намуданд.
Назар ба хабари ВКХ ҶТ, дар ин рӯз маросими имзои Созишномаи грантии байни вазири молияи ҶТ Абдусалом Қурбонов ва ноиби калони президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Домичи Хидиаки аз рӯи лоиҳаи «Беҳдошти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» баргузор гардид.
Дар ҳошияи лоиҳаи мазкур сохтмони терминали бор ва насби системаи равшанидиҳандаи фуруди дақиқи тайёраҳо дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар назар аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






