Ситоди сайёри омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар МБГ Душанбе-2
Душанбе,03.10.2014 (Амит “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Дирўз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ситоди сайёри омодагӣ ба зимистонгузаронӣ доир гардид.
Дар ситод масъалаи омодагии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ба мавсими зимистон муҳокима шуд. Тавре ки таъкид гардид, барои бо иқтидори пурраи 100 мегаватт фаъолият намудани марказ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, захираи ангишт ва насбу танзими хаттҳои интиқоли гармӣ мутассил ҷараён дорад.
Сарвазири мамлакат барои бо иқтидори пурра ба кор оғоз намудани Маркази барқу гармидиҳӣ дар мавсими сармо, дар ҳаҷми 250 ҳазор тонна захира намудани ангиштсанг барои истеҳсоли барқу гармӣ ва дар фурсати кўтоҳ насбу танзим намудани нуқтаҳои гармидиҳию хатҳои интиқоли гармӣ ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор дод.
Дар идома Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш бо маҳали захира ва нигоҳдошти ангиштсанг ва мавзеъҳои насбу танзими қубурҳои интиқоли гармӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






