Соҳибкорон- қувваи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти кишвар
Душанбе, 14.10.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо соҳибкорони ватанӣ дар «Кохи Борбад” гуфт, ки: «Мулоқоти мову шумо, ки дар соли таҷлили 23-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ватани азизамон ва 20-умин солгарди қабули Конститутсияи кишвар баргузор мегардад, маҳз ташаббускорӣ ва фаъолияти пурмасъули шумо моро водор сохт барои Форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ки фардо баргузор мегардад, шиори “Соҳибкорӣ- муҳаррики иқтисодиёт”-ро интихоб намоем.
— Ҳамчунин имсол дар Тоҷикистон Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, Бизнес-форуми соҳибкорони мамлакатҳои узви ин созмон, мулоқоту вохӯриҳо бо роҳбарони сатҳи олии давлатҳои аъзои созмон баргузор гардиданд, ки ҳама, дар маҷмӯъ, ба рушд ва тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон мусоидат хоҳанд кард, таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






