«СтройСервисРемонт» тоҷикистониёнро ба кор даъват мекунад
Душанбе, 14.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Ҷамъияти пӯшидаи саҳҳомии шаҳри Благовешенски вилояти Амури Федератсияи Русия омодааст, ки соли 2015 теъдоди кормандони аз Тоҷикистон даъватшударо баробари 60 нафар афзоиш диҳад.
Директори генералии ҷамъияти мазкур Фёдор Ҳоҷиоғлу зимни вохӯрӣ бо корманди Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират дар ин бора хабар дод.
Ба гуфтаи номбурда, муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон аз соли 2013 инҷониб дар корхонаи мазкур кор мекунанд.
«Ҷамъияти мо кормандонро бо манзил, таоми секарата ва барои фаъолияти қонунӣ бо ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъмин мекунад. Ҳамаи кормандон дар ҷараёни кор дар курсҳои кутоҳмуддат таҳсил намуда, ихтисоси арматурчӣ, бетонрез, қолибгар ва ғайраро аз худ менамоянд», — гуфт Фёдор Ҳоҷиоғлу.
Дар ин бора котиби матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






