«СтройСервисРемонт» тоҷикистониёнро ба кор даъват мекунад

Октябрь 14, 2014 12:01

Душанбе, 14.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Ҷамъияти  пӯшидаи   саҳҳомии  шаҳри Благовешенски  вилояти Амури Федератсияи  Русия  омодааст, ки  соли  2015 теъдоди  кормандони  аз  Тоҷикистон  даъватшударо  баробари 60  нафар  афзоиш  диҳад. 
Директори генералии ҷамъияти  мазкур Фёдор Ҳоҷиоғлу зимни  вохӯрӣ  бо  корманди  Намояндагии  Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират  ва  шуғли  аҳолии  ҶТ дар  ФР  оид ба  муҳоҷират  дар  ин  бора  хабар  дод.
Ба  гуфтаи  номбурда,  муҳоҷирони  меҳнатии  Тоҷикистон  аз  соли  2013  инҷониб  дар корхонаи  мазкур  кор  мекунанд.
«Ҷамъияти  мо  кормандонро  бо  манзил, таоми  секарата  ва барои  фаъолияти  қонунӣ  бо  ҳамаи  ҳуҷҷатҳои  зарурӣ  таъмин  мекунад.  Ҳамаи  кормандон  дар  ҷараёни  кор  дар  курсҳои  кутоҳмуддат таҳсил  намуда, ихтисоси арматурчӣ,  бетонрез, қолибгар ва  ғайраро  аз  худ  менамоянд», — гуфт Фёдор  Ҳоҷиоғлу.
Дар  ин  бора  котиби  матбуоти Намояндагии  Хадамоти  муҳоҷирати  ҶТ  дар  ФР Иброҳим  Аҳмадов ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод.
 
 

Октябрь 14, 2014 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид