Суғд: ҳалокати 17 мактаббача дар садамаҳои нақлиётӣ
Хуҷанд, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди вилояти Суғд бо иштироки велосипедронҳо, хосатан кӯдакону наврасон аз аввали сол инҷониб афзудааст. Чанде қабл дар ноҳияи Спитамен дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ боз як велосипедрони ноболиғи 16- сола, хонандаи яке аз мактабҳои нохия ба ҳалокат расид.
Тавре ки аз маркази матбуоти Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар давоми соли равон дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди вилоят қариб 300 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷа наздики 90 нафар ҳалок гардида, беш аз 270 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт.
Аз чумла, дар ҳамин давра дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ дар миқёси вилоят 17 мактаббача ба ҳалокат расида, 50 нафари дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ гирифт. Аз ҷумла, дар ҳудуди ноҳияи Спитамен аз аввали сол бар асари содир гардидани 17 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ 7 нафар ба ҳалокат расида, 16 нафари дигар ҷароҳати гуногун бардошт.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






