Суғд: 398 муроҷиат тавассути «Телефони боварӣ»

Октябрь 14, 2014 16:25

Хуҷанд, 14.10.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Дар вилояти Суғд шурӯъ аз моҳи маи соли 2012 дар назди ВКД ҶТ дар Суғд «Телефони боварӣ» амал мекунад, ки сол аз сол теъдоди шумораи муроҷиаткунандагон аз тариқи ин алоқа меафзояд. 
Тавре ки ба хабарнигори мо роҳбари маркази матбуоти Раёсати мазкур дар Суғд Акбар Шарипов иттилоъ дод, дар тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ тавассути «Телефони боварӣ»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар вилояти Суғд 398 нафар шаҳрванд бо арзу дархости гуногун муроҷиат кардааст. 
Аз ин шумора 175 муроҷиат вобаста ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, Хадамоти шиносномавӣ ва бақайдгирӣ ва фаъолияти кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ буда, 21-то оид ба муноқишаҳои оилавӣ, 9-то оид ба бедарак гумшудагон, 15-то арзи сипосу миннатдорӣ нисбат ба фаъолияти кормандони макомоти милитсия  мебошад. 
Хотиррасон бояд кард, ки дар тӯли соли 2013 тавассути «Телефони боварӣ»-и раёсати мазкур, умуман 520 нафар шаҳрванд бо арзу дархости гуногун муроҷиат карданд. 
 
 

Октябрь 14, 2014 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд