Суғд: истеҳсоли маҳсулот ба 2,6 миллиард сомонӣ расид
Душанбе, 9.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дар 9 моҳи соли ҷорӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо саноатчиёни вилоят барои истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти наву рақобатпазир як силсила тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят, дар ин муддат аз ҷониби корхонаҳои саноатии вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба зиёда аз 2,6 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо назардошти индекси нархҳо 132,3 фоизро ташкил медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки соли равон 120 адад корхонаи нави хурду бузург дар вилоят бо теъдоди 2 ҳазору 500 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






