Суҳбати сафири Тоҷикистон бо вакили парлумони Аврупо
Душанбе, 02.10.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷудаи Анварӣ). — 29 сентябр сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҳомидҷон Назаров бо раиси ҳавзаи 7 — уми маъмурии шаҳри Париж, вакили парлумони Аврупо, собиқ вазири адлия Рашида Дати суҳбат намуд.
Тавре ки ВКХ ҶТ хабар медиҳад, зимни суҳбат доираи васеи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса, ҳамчунин муносибатҳои мутақобилаи миёни Тоҷикистон ва парлумони Аврупо мавриди муҳокима қарор гирифт.
Рашида Дати сатҳи равобити Тоҷикистон бо Фаронса ва Иттиҳоди Аврупоро ба дараҷаи баланд арзёбӣ карда, баҳри таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса ва равобити байнипарлумонӣ бо Иттиҳоди Аврупо изҳори ақида намуд. Ҳамчунин ба ҷониби Тоҷикистон барои дастгирии гурӯҳи низомии Фаронса воқеъ дар шаҳри Душанбе, ки дар ҳошияи Қувваҳои эътилофи байналмилалӣ вазифаи худро дар Афғонистон баҷо меорад, изҳори миннатдорӣ карда шуд.
Сафир дар навбати худ изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон омодаи рушду густариш додани ҳамкории миёни Тоҷикистону Фаронса аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






