Суди Олӣ «Гурӯҳи 24″-ро экстремистӣ эълон кард

Октябрь 9, 2014 12:59

Душанбе, 9.10.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз, 9-уми октябри соли 2014 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвои прокуратураи генералиро алайҳи “Гурӯҳи 24” қонеъ карда, онро гуруҳи экстремистӣ эълон намуд.
Судяи Суди Олӣ Саломат Ҳакимова зимни қироати ҳалнома гуфт, парвандаи шаҳрвандӣ дар ҳузури намояндагони  Вазорати адлия, Хадамоти алоқа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва шахсони манфиатдор  дар маҷлиси ошкорои судӣ баррасӣ шуда, фаъолияти «Гурӯҳи 24» ба далели зидди сохти конститутсионӣ ва амнияти миллӣ буданаш, дар Тоҷикистон манъ карда шавад. 
Тибқи ин ҳалнома сомонаи интернетии ин гуруҳ чун воситаи ахбори омма баста шуда, паҳн, истеҳсол ва нашри ҳар гуна адабиёту варақаҳо, сабтҳои аудиову видеоии  марбут ба «Гурӯҳи 24» мамнуъ эълон гардид. Судяи Суди Олӣ гуфт, ки аз болои ҳалнома дар муддати як моҳ аз рӯзи супоридани ҳалномаи асоснок ба тарафҳо ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои шаҳрвандии Суди Олии ҶТ  эътироз овардан мумкин аст. 
Ёдовар мешавем Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои ҷамъовардашударо оид ба фаъолияти “Гурӯҳи 24” мавриди омӯзиш қарор дода, муайян намуд, ки гурӯҳи мазкур аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватов Умаралӣ Изатович, ки бо гумонбарӣ дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қаллобӣ ва азонихудкунии амволи ғайр, дар кофтуков қарор дорад, таъсис дода шудааст. Мақсади асосии он бо роҳи зиддиконститутсионӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Қувватов У.И. ва дигар намояндагони ин гурӯҳ дар баромадҳои хусусияти ифротгароёнаи (экстремистидоштаи) худ мардуми шарифи Тоҷикистонро бобати ба амал овардани бетартибиҳои оммавӣ ҳидоят намуда, онҳоро рӯирост ба ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ бо роҳи зӯроварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ба содиркунии ҷиноятҳои махсусан вазнин ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ даъват мекунанд.  
Бинобар ин 7-уми октябри соли ҷорӣ бо мақсади таъмини амнияти миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мардуми соҳибтамаддуни он, сулҳу субот ва бехатарии ҷомеа Прокуратураи генералӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани “Гурӯҳи 24” ҳамчун ташкилоти ифротгаро (экстремистӣ) ва манъ кардани фаъолияти он аризаи даъвогӣ пешниҳод намуд.

Октябрь 9, 2014 12:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд